Ссылки доступа

Мурофиаи додгоҳии фаъоли қазоқ Макс Бокаев боз дошта шуд


Додгоҳи шаҳри Атирауи Қазоқистон баррасии дархости Департаменти иҷрои ҷазои вилояти Атирауро барои таҳти назорати маъмурӣ гирифтани фаъоли мадании зиндонӣ Макс Бокаев боз дошт.

Интизор меравад, Макс Бокаев моҳи феврали соли равон аз зиндон озод шавад. Мурофиа дар пайи дархости фаъоли маданӣ ва вакили дифои ӯ барои иваз шудани додраси парванда боз дошта шудааст.

Дар мурофиа бояд 15 ҳомии ҳуқуқ аз саросари Қазоқистон онлайнӣ иштирок мекарданд. Вале додрас Ержан Алипкалиев эълом кард, ки ба иллати мушкили дастрасии Интернет дар маҳбаси УГ-157/9 баргузории мурофиа ба таъхир гузошта мешавад.

Вале ҳомии ҳуқуқ Бакитҷон Торегожин ин "мушкил" сунъӣ буд, то нозирон дар мурофиа иштирок карда натавонанд.

Вакили дифои фаъоли маданӣ Жанар Сундеткалиева баъди оғоз шудани мурофиа аз додрас хостааст, ки мурофиаро боз дорад, то нозирону рӯзноманигорон тавонанд дар он иштирок кунанд. Вале додрас дархости вакили дифоъро рад кардааст. Дар натиҷа вакили дифоъ дархост кардааст, ки додраси парванда иваз шавад ва мурофиа низ қатъ шудааст.

Макс Бокаеви 46-сола бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли 2016 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Маҳкумшуда ин айбҳоро рад мекунад ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронаш парвандаи вайро сиёсӣ меноманд. Муҳлати ҷазои ӯ моҳи ферали соли 2021 ба поён мерасад, вале Бокаев аз дархости озодии пеш аз муҳлаташ худдорӣ кард.

Бокаевро соли 2018 аз зиндони влояти Қазоқистони Шимолӣ ба маҳбаси Оқтеппа интиқол дода буданд. Дар пайи дархости батакрори наздиконаш ӯро моҳи сентябри имсол ба маҳбаси Атирау бурданд.

XS
SM
MD
LG