Ссылки доступа

Дар Узбекистон дар навбати аввал пизишкон ва куҳансолон воксини зидди коронавирус мегиранд


Дар Узбекистон вокисини Pfizer-BioNTech, ки дар рӯзҳои наздик дастрас хоҳад шуд, дар навбати аввал ба пизишкон ва куҳансолон зада мешавад.

Дар ин бора Ботирҷон Қурбонов, як масъули вазорати тандурустии Узбекистон хабар дод.

Вай гуфт, куҳансолонро ихтиёран воксини зидди коронавирус мезананд.

Пештар аз ин хабар расид, Узбекистон 100 ҳазор моя ваксинаи зидди коронавирус - "Comirnaty" фармоиш додааст, ки аз сӯи ширкати амрикоии "Pfizer" ва олмонии "BioNTech" истеҳсол мешавад.

Сардори Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон Баҳодур Юсупалиев гуфт, Вазорати тандурустии Узбекистон ва созмонҳои шарик барои 20 дарсади аҳолии ин кишвар воксини зидди коронавирус фармоиш додаанд.

"Феълан барои интиқоли 100 ҳазор моя воксини "Comirnaty" зидди коронавирус ба Узбекистон дар ҳамкорӣ бо созмони GAVI корҳо идома доранд", - изҳор дошт Юсупалиев.

Ба иттилои мутахассисон, воксинаи "Pfizer/Biotech" бояд дар 70 дараҷа сардӣ нигаҳдорӣ шавад. Юсупалиев мегӯяд, дар Узбекистон ин гуна яхдон мавҷуд аст. Вай хабар дод, ки ҳоло дар ин кишвар ба нақшагирии раванди воксинзанӣ ва омӯзондани табибон оғоз шудааст.

Воксини Pfizer/Biotech яке аз нахустин воксинҳои зидди коронавирус аст, ки аз сӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG