Ссылки доступа

Қарор содир шуд. Ба фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон иҷозат доданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Қарор содир шуд. Ба фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон иҷозат доданд. Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон эълон кард, ки аз 1-уми феврали имсол ба намозгузории дастҷамъӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа, дар масҷидҳои кишвар иҷозат додааст, аммо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ. Қарор дар ин бора рӯзи 20-уми январ содир шуд. (видео)

- "Касе хизмат кардан намехоҳад, пулро супорад"? "Ҷавононе, ки дар артиши Тоҷикистон хизмат кардан намехоҳанд, бигзор маблағ супоранд." Ворид кардани чунин тағийрот ба қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбиро дар Шӯрои порлумон, раиси Кумитаи намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният пешниҳод кардааст. (видео)

- "Ягона намояндаи яҳудиён" дар маркази Суғд даргузашт. Дар маркази вилояти Суғд охирин намояндаи ҷамъияти яҳудиёни Хуҷандро дафн карданд. Тақрибан 150 сол пеш яҳудиён аз Бухорову Самарқанд ба Хуҷанд ва минтақаҳои атрофи он омада буданд, аммо баъзе аз онҳо дар поёни даврони Шӯравӣ ба Исроил ва кишварҳои дигар кӯчиданд. (видео)

- Дар як сол нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон беш аз 40% боло рафтааст. Дар соли 2020 нархи баъзе аз навъҳои хӯрокворӣ дар Тоҷикистон то 42 дарсад ва маҳсулоти саноатӣ то шаш дарсад афзудааст. (видео)

- Дар Тоҷикистон боздошти Навалнийро "сабақи бад" донистанд. Боздошти Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Путин, дар Тоҷикистон низ бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд. Иддае онро "нотавонии ҳукумати Русия дар баробари як шахс", вале гурӯҳи дигар бозгашти ӯро "таҳрик додани ҳукумат ба ин иқдом" номиданд. (видео)

- Боздошти Алексей Навалний дар фурудгоҳи Маскав. Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи Кремлинро, ки баъд аз моҳҳо муолиҷа шоми 17-уми январ аз Олмон ба Маскав баргашт, дар фурудгоҳи Шереметево дастгир карданд. Ба вакили мудофеаш иҷозат надоданд, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад. (видео)

- Дар Тоҷикистон замимаи "Раҳнамои муҳоҷир" фаъол шуд. Бори нахуст барои муҳоҷирони кории тоҷик замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷир” таҳия шудааст.Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бовар дорад, ки тавассути ин замима муҳоҷироне ки асосан дар Русия ҳастанд, метавонанд аксари мушкилоти худро ҳал кунанд. Гузориши Барот Юсуфӣ. (видео)

- Тоҷикистон раҳбари даврии Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шуд. Тоҷикистон раҳбари даврии Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шуд. Гузориши Барот Юсуфӣ ва Искандар Фирӯз. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG