Ссылки доступа

Ҷо Байден, президенти 46-уми Амрико савганд ёд кард


Дар пайи як интихоботи ҷанҷолбарангез ва давраи гузори пурбаҳс дар таърихи Амрико, Ҷо Байден аз Ҳизби демократ ба ҳайси президенти 46-уми Амрико савганд ёд кард. Маросим рӯзи 20-уми январ зери чораҳои сахти амниятӣ дар Вашингтон гузашт.

Байдени 78-сола дасташро рӯйи Инҷили қарни 19 гузошта, қасам хӯрд ва бо ин кӯҳансолтарин сиёсатмадоре шуд, ки дар мансаби президенти Иёлоти Муттаҳида кор хоҳад кард.

Ӯ баъд аз президент Доналд Трамп ба ин мақом расид. Муовини президент Камола Ҳаррис чанд лаҳза пеш аз ӯ савганд ёд кард ва аввалин зан ва намояндаи ақаллиятҳои Амрико шуд, ки дар ин мақом фаъолият хоҳад дошт.

Ҷо Байден дар суханронии худ, ки дар фазои пандемияи коронавируси нав ва ҳамлаи ҷонибдорони хашмгини Трамп ба Капитол дар таърихи 6-уми январ ироа шуд, гуфт, ҳанӯз кори зиёде барои "муттаҳид кардани мардум" анҷом бояд дод.

"Демократия пирӯз шуд", -- гуфт ӯ ва афзуд: "Имрӯз рӯзи Амрико аст. Имрӯз рӯзи демократия аст. Рӯзи таърихӣ ва умед, бозбинӣ ва мусолиҳа аст."

Ӯ, инчунин, ба ҷаҳони берун паём дод, ки равобит бо шарикон "тармим" мешавад: "Мо муносибати шарикиамонро тармим мекунем, дубора бо ҷаҳон ба ҳам меоем, то ки на бо чолишҳои дирӯза, балки бо чолишҳои имрӯзу фардо сарукор бигирем." Ҷо Байден афзуд: "Амрико аз имтиҳон гузашт ва мо аз ин қавитар шудем."

Дар 152 соли охир бори аввал президенте, ки Кохи Сафедро холӣ мекунад, дар маросими шодбоши президенти нав иштирок накард. Доналд Трамп ҳамроҳ бо ҳамсараш Мелания Трамп субҳи чаҳоршанбе Кохи Сафедро тарк карданд ва тавассути чархбол дар 10 дақиқа ба пойгоҳи Эндрюс расиданд.

Дар маросими худоҳофизӣ дар баробари аҳли оилаву хайрхоҳонаш Трамп гуфт: "Барои ман ифтихори калон буд, ки ҳамчун президенти Шумо хидмат кунам. Ҳазор раҳмат."

Вай бо истифода аз як истилоҳи варзишгарон гуфт, ӯву маъмурияташ "ҳамаро дар майдон гузоштанд" (ба он маъно, ки ҳама кор буд шудааст) ва афзуд: "Мо дигар намегӯем, ки "кош, беҳтар кор мекардем."

Трамп аз дастовардҳои худ аз "бозсозӣ" шудани артиш, бунёди нирӯҳои ҳавоӣ, коҳиши қобили мулоҳизаи молиёт ё андозҳо, беҳтар кардани сифати ёрӣ ба собиқадорони ҷанг, таъини додрасҳои федеролӣ ва "мӯъҷизаи тиббӣ" - эҷоди ваксинаи зидди COVID-19-ро дар фурсати "на 9 сол, балки 9 моҳ" ёдовар шуд.

Ӯ бидуни бурдани номи Ҷо Байден, ки то охир ӯро бо пирӯзиаш табрик накарду ғалабаашро эътироф накард, танҳо гуфт, ба маъмурияти нави Кохи Сафед муваффақият орзу мекунад. Трампу оилааш ба иёлати Флорида рафтанд, то дар онҷо зиндагиро ҳамчун шаҳрвандони қаторӣ идома диҳанд.

Муовини президент Доналд Трамп – Майк Пенс бар хилофи раҳбараш дар маросими савгандёдкунии Ҷо Байден ҳозир шуд. Дар миёни ҷумҳурихоҳони дигар Тед Круз ҳам дар маросими савгандёкунӣ буд, ки қаблан ба пирӯзии Байден шубҳа дошт.

Айни замон президентони собиқ Ҷорҷ Буш, Билл Клинтон ва Барак Обама дар маросим ҳозир шуданд. Ҷимми Картер, президенти собиқи 96-сола гуфт, дар ин маросим ширкат карда наметавонад.

Раҳбарии маросими савгандёдкуниро раиси Додгоҳи олии Амрико Ҷон Робертс ба уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG