Ссылки доступа

Русия ба ИМА пешниҳод кард, созишномаи СНВ-3 панҷ соли дигар тамдид шавад


Вазорати корҳои хориҷии Русия дар остонаи шуруъ ба кор кардани президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден ба ҳукумати нави Амрико пешниҳод кард, ки созишномаи дуҷонибаи СНВ-3 - дар бораи чораҳои коҳиш ва маҳдудсозии силоҳи стратегӣ - 5 соли дигар тамдид карда шавад.

Дар ин бора сомонаи РБК хабар медиҳад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи сешанбеи 19 январ гуфт, агар Вашингтон дар мавриди ҳифзи созишномаи СНВ-3 иқдом кунад, Москва аз ин иқдом истиқбол хоҳад кард.

Энтонӣ Блинкен, номзади нав ба мақоми котиби давлатии ИМА рӯзи 19 январ гуфт, ҳукумати Байден талоши ҳифзи созишномаи СНВ-3-ро хоҳад кард.

Владимир Путин, президенти Русия соли гузашта аз Вашингтон хоста буд, ки бидуни ҳеч қайду шарте созишнома барои як сол тамдид шавад.

Коршиносон мегӯянд, бидуни ин созишнома байни ду кишвар пойгаи нави таслиҳотӣ шуруъ хоҳад шуд.

Созишномаи СНВ-3 соли 2010 байни ду кишвар имзо шуд ва муҳлаташ моҳи оянда ба поён мерасад. Ин созишнома теъдоди кулоҳакҳои ҳастаӣ, мушак ва бомбандозҳоро дар артиши ду кишвар маҳдуд мекунад.

XS
SM
MD
LG