Ссылки доступа

Доруфурӯшҳои Қазоқистон лағви фармони вазирро талаб доранд (видео)


Соҳибони дорухонаҳои шаҳри Нурсултони Қазоқистон аз тасмими мақомот барои поин бурдани иҷбории нархи як қатор доруҳо, аз ҷумла он доруҳое, ки ҳангоми табобати мубталоёни коронавирус истифода мешаванд, изҳори нигаронӣ менамоянд.

Доруфурӯшҳои пойтахти Қазоқистон дар мулоқоти 20 январ аз эҳтимоли ба миён омадани мушкили норасоии дору ҳушдор дода, хостанд, фармони вазири тандурустии ин кишвар Алексей Сой аз охирҳои моҳи декабри соли 2020, ки нархи 200 номгӯи доруҳоро таъйин мекунад, бекор карда шавад.

Ба гуфтаи соҳибкорон, ин фармони вазир онҳоро муфлис хоҳад кард. Зеро соҳибони дорухонаҳо доруҳоро бо нархи гаронтар аз нархи муайяншуда дар фармони вазири тандурустии Қазоқистон харидорӣ мекунанд.

Соҳибкорон ҳамчунин аз вазири тандурустии Қазоқистон хостанд, сабаби имзои чунин як қарорро шарҳ диҳад ва дар сурати имкони лағви он набудан муҳлати иҷрояшро се моҳ ба таъхир гузорад.

Дар ин мулоқот вазири тандурустии Қазоқистон, ки расман даъват шуда буд, иштирок кард.

XS
SM
MD
LG