Ссылки доступа

Президенти нави Қирғизистон 28 январ савганд ёд мекунад


Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 28 январ баргузор мешавад.

Дар ин бора Галина Байтерек, котиби матбуотии Ҷабборов хабар дод.

Рӯзи 21 январ Комисияи марказии интихоботии (КМИ) Қирғизистон Содир Ҷабборовро президенти мунтахаби кишвар эълом кард. КМИ гуфт, Ҷабборов дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 10 январ 79,2 дарсади раъйи сокинонро дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG