Ссылки доступа

Раимбек Матраимов насаби худу занашро тағйир дод


Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, Раимбек Матраимов, баъди он ки номаш барои ба эҳтимоли ғайриқонунӣ аз кишвар берун бурдани садҳо миллион доллар дар феҳристи таҳримҳои Магнитскии Амрико ворид карда шуд, насаби худ ва ҳамсарашро тағйир дод.

Сухангӯи Хадамоти қайди расмии Қирғизистон Дамира Азимбоева рӯзи 20-уми январ тасдиқ кард, ки Матраимов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова номи падарии худро иваз кардаанд.

Айни замон ӯ гуфт, ба хотири махфӣ будани нашри ҷузъиёти марбут ба маълумоти хусусӣ дар қонунҳои кишвар, ҳақ надорад, номи нави онҳоро фош кунад.

Бо ин вуҷуд, рӯзи 15-уми январ додраси додгоҳи шаҳри Бишкек баррасии шикояти Матраимовро ба муқобили Бахши қирғизии Радиои Озодӣ (“Азаттик”), хабарнигор Алӣ Токтакунов ва вебсайти хабарии Kloop ба таъхир гузошт.

Додрас Ҷилдиз Иброҳимова он рӯз гуфт, Раимбек Матраимов фамилияи худро ба Исмоилов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова ба Сулаймонова иваз кардаанд. Додрас гуфт, мурофиаи додгоҳӣ баъди он идома меёбад, ки Матраимов ва ҳамсараш санадҳои расмиро дар бораи тағйири қонунии номашон пешкаш кунанд.

Дар оғози моҳи декабри соли гузашта Вазорати молияи Амрико эълон кард, ки Матраимовро барои нақшаш дар фасоди азим ва сохтани нақшаи пулшӯӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ таҳрим мекунад.

Дар изҳороти Вазорати молияи Амрико омадааст, Матраимов ва ширкаташ дар нақшаи 700-миллиондолларӣ даст дорад, ки аз роҳи ришвахории мақомот барои фирор аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ ва ҳам пулшӯӣ ба хотири даромадҳои ҳангуфт ҳосил шудааст. Таҳримҳои зидди Матраимов ба Қонуни Магнитский мувофиқат мекунанд. Ин қонун соли 2012 дар Амрико барои муҷозоти шахсоне қабул шудааст, ки даст ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ва ё фасоди густарда мезананд.

Як таҳқиқоте, ки аз ҷониби журналистони Радиои Озодӣ, Тарҳи таҳқиқи ҷиноёти созмонёфта ва фасод ва вебсайти Kloop анҷом ва моҳи июни соли 2019 нашр шуд, нақши Матраимовро дар як фасоди калони молӣ фош кард.

Журналистон роҳҳои аз Қирғизистон бо кумаки Айеркен Сайматӣ, як тоҷири уйғуртабори чинӣ ба берун бурда шудани пулҳоро фош карданд. Сайматӣ моҳи ноябри соли 2019 дар Истанбул кушта шуд.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Он замон мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Матраимов розӣ шуд тахминан 2 миллиард сом (муодили 23,5 миллион доллар)-ро ҳамчун зиёни воридшуда ба давлат бипардозад ва 80 миллион сом (тахминан 1 миллион доллар) ба ҳисобҳои давлат бозпас диҳад.

Клара Сооронқулова, собиқ додраси Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон рӯзи 20-уми январ гуфт, бовар дорад, Матраимов ва ҳамсараш бо роҳи тағйир додани насаби худ мехоҳад, аз таҳримҳои ҷорикардаи Амрико фирор кунанд.

Сооронқулова гуфт, "ба бовари ман, баъди ворид шудани номи ӯ ба Қонуни Магнитский, бисёр дарҳо дар саросари ҷаҳон ба рӯи онҳо баста мешавад. Ҳоло барояшон мушкили зиёд мешавад, то ки дороиҳои худро ба номи худ нигаҳ доранд."

Худи хонаводаи Матраимов ё ҳуқуқшиносонашон дар заминаи тағйири ном кардани онҳо ҳеч шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG