Ссылки доступа

HRW таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ дар Қазоқистонро маҳкум кард


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) "чораҳои пайвастаи таъқибгароёна"-ро зидди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Қазоқистон маҳкум кард.

Дар Қазоқистон ҳафтаи гузашта дасти кам ду созмони ғайридавлатӣ барои "сари вақт пешниҳод накардани ҳисоботи андоз" ё иштибоҳҳои эҳтимолӣ дар ҳисобот ҷарима шуданд.

HRW 20 январ бо нашри изҳороте гуфт, мақомоти қазоқ дербоз зидди фаъолони ҳаракати ҳомии ҳуқуқ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз "қонунҳои маҳдудкунанда ва айбдоркуниҳои аз ҳад зиёд" истифода мебаранд.

"Вале ҳайратовар будани ҳамлаи ахир ба озодии иттиҳодияҳо дар Қазоқистон ин аст, ки якбора чандин гуруҳ мавриди ҳадаф қарор гирифтанд ва мақомоти қазоқ низ ошкоро даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд", - омадааст дар изҳороти созмон.

Пажӯҳишгари HRW дар умури Осиёи Марказӣ Мира Ритман қайд карда, ки 15 январ мақомоти андози шаҳри Алматои Қазоқистон созмони ҷамъиятии "Эхо"-ро наздики 583 ҳазор танга ҷарима бастанд. Чанд рӯз баъд нозироти андози шаҳри Нурсултони Қазоқистон низ созмони "Еркіндік қанатӣ"-ро ҷарима кард.

Намояндагони чандин созмонҳои ҷамъиятӣ дар Қазоқистон охирҳои моҳи ноябри соли гузашта ҳам аз санҷишҳои пайваста ва бидуни асоси мақомоти андоз шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG