Ссылки доступа

Бекорони Узбекистон минбаъд танҳо барои 26 ҳафтаи сол кумакпулӣ мегиранд


Вазорати адлияи Узбекистон хабар дод, ки дар ин кишвар аз 21 январи соли равон қонуни нав "Дар бораи шуғли аҳолӣ" ба иҷро даромад. Бар асоси қонуни нав, кумакпулии бекорӣ танҳо барои 26 ҳафтаи сол пардохт мешавад.

Дар қонуни нав омадааст, шаҳрвандоне, ки давоми 12 моҳи ахир ҷои кори худро аз даст додаанд, 50 дарсади моҳонаи миёнаи маҳалли кори пешини худро ҳамчун кумакпулӣ дарёфт хоҳанд кард. Ин кумакпулӣ аз 679 330 сӯм (ҳудуди 65 доллар) камтар нахоҳад буд.

Шаҳрвандоне, ки беш аз 1 сол бекор буданд, вале барои дубора ҷои кор пайдо кардан талош доранд, ба кумакпулӣ дар ҳаҷми 1 дарсади моҳонаашон ҳаҷ доранд. Онҳое, ки бори аввал кор меҷӯянд, дасти кам 75 дарсади моҳонаи миёнаро дарёфт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG