Ссылки доступа

Қирғизистон содироти чорворо ба Узбекистон афзоиш додааст


Дар соли 2020 Қирғизистон содироти чорвои майда ва калони шохдорро ба Узбекистон 9,2 маротиба афзоиш додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар тирамоҳи соли ҷорӣ мақомоти Қирғизистон содироти чорворо ба хориҷ манъ карда буданд.

Ба ин тартиб, дар 11 моҳи соли гузашта Қирғизистон ба Узбекистон 10,4 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 36 ҳазор сар чорвои майда содир кардааст. Дар соли 2019 ба Узбекистон содироти чорвои калон ҳамагӣ 574 сар ва чорвои майда 4,4 ҳазор сарро ташкил медод.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, 98 дарсади содирои чорво ба Узбекистон рост меояд. Аммо тоҷирон мегӯянд, оморҳои Кумитаи давлатии омори Қирғизистон камтар аз омори воқеӣ ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо, бо назардошти қочоқ, содироти мол ба маротиб бештар аст.

Даромад аз содироти чорво, ба иттилои расмӣ, ба Узбекистон 13,1 млн доллар фоида овардааст. Як соли пеш ин нишондод ба 1,2 миллион доллар мерасид.

Дар моҳи ноябри соли 2020 ҳукумати Қирғизистон содироти чорворо ба хориҷ манъ кард. Мақомоти Қирғизистон ин тасмими худро ба таъмини амнияти ғизоӣ рабт доданд.

XS
SM
MD
LG