Ссылки доступа

HRW аз Тоҷикистон хост, Набиеви 80-соларо озод кунад


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 20-уми январ бо нигаронӣ аз вазъи саломати Дониёр Набиев (Бобои Дона)-и 80-сола аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ӯро фавран аз зиндон озод кунад.

Набиевро моҳи августи соли 2020 дастгир ва рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар як муҳокимаи пӯшида ба ҳафт сол зиндон маҳкум карданд.

Пайвандонаш гуфтанд, ӯ бемори сил аст ва вазъаш дар зиндон бад шудааст. Онҳо низ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, иҷоза бидиҳад, ки ӯ дар берун аз зиндон ҳукмашро адо кунад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар изҳороте рӯзи чаҳоршанбе гуфт, "Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ мадад кунад."

Ба навиштаи созмон, ӯ тайи чанд сол ҳар моҳ аз 15 то 30 доллар ҳаққи бознишастагиашро ба наздикони муҳтоҷи аъзои зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи имсол гуфт, узви собиқи Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Масъулони вазорат гуфтанд, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ "пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард", аммо аз ҳеч кишваре ном набурда ва далелу санадеро ҳам нишон надодааст.

Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."

Дидбони Ҳуқуқи Башар Дониёр Набиевро "қурбонии силсилаи боздошт ва маҳкумиятҳо бо ангезаҳои сиёсӣ" номида ва афзудааст, "қазияи ӯ нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон аз саркӯби мухолифони худ даст бардоштанӣ нестанд."

Соле пеш Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздошти худсарона гуфт, баъзе аз аъзои ҲНИТ бо қонуншиканӣ ва бе риояти ҳуқуқашон зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад. Мақомот гуфтанд, аъзои ҳизб барои чанд ҷиноят, аз ҷумла, ба қавли онҳо, даст доштан дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ маҳкум шудаанд. Раҳбарияти дар хориҷа иддаои даст доштан дар ошӯбро бепоя хондаанд.

XS
SM
MD
LG