Ссылки доступа

Times: Ҷопон мехоҳад, Олимпиадаи Токиоро лағв кунад


Мақомоти Ҷопон ба хулосае расидаанд, ки ба иллати пандемияи коронавирус баргузории Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Токиои ин кишварро бекор кунанд. Дар ин бора Times бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати Ҷопон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати расона, тасмими бекор кардани баргузории Бозиҳои олимпӣ, ки як бор ба иллати коронавирус ба таъхир гузошта шудааст, аллакай қабул шуда, мақомоти Ҷопон дар ҳоли ҳозир роҳи расондани он ба ҷаҳониёнро баррасӣ доранд.

"Ҳеч кас намехоҳад, дар ин бора суҳбат кунад. Вале ҳама бар ин назаранд, ки баргузор кардани бозиҳо хеле мушкил хоҳад буд", - афзуд ӯ. Манбаъ шарҳ додааст, ки ба гирифтани ин тасмим мавҷи зимистонии коронавирус сабаб шудааст.

Вале муовини котиби аввали ҳукумати Ҷопон Манабу Сакаӣ гуфт, ин хабарро "қотеона" рад мекунад, зеро он асоси воқеӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Ҷопон тасмими ниҳоӣ дар бораи баргузории бозиҳоро бо назардошти вазъи кишварҳои хориҷ то чанд рӯзи дигар хоҳад гирифт. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир мақомоти Ҷопон барои баргузор шудани бозиҳо дар тобистони соли 2021 корҳои заруриро анҷом медиҳанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки беш аз 80 дар сади ҷопониҳо мехоҳанд Бозиҳои тобистонаи олимпиро дар Токио ба муҳлати дигар гузаронанд ё комилан бекор кунанд.

Вале ​Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ахиран хабар дод, ки аз лағви Олимпиадаи Токио даст кашидааст. Узви КБО Ричард Паунд дар мусоҳиба бо Kyodo News изҳор дошт, ки мусобиқот бояд имсол баргузор шавад, зеро боз як таъхири дигар душвор хоҳад буд. Фаунд зикр кард, ки агар вазъи паҳншавии коронавирус хеле душвор бошад, пас Олимпиада метавонад бидуни тамошогарон гузаронида шавад.

XS
SM
MD
LG