Ссылки доступа

Хонаводаи зани дар таркиши пойгоҳи гармидиҳии Узбекистон фавтида таҳқиқи мушикофона талаб дорад (видео)


Хонаводаи коргаре, ки дар натиҷаи таркиши пойгоҳи гармидиҳӣ-барқии Ангрени Нав дар Узбекистон фавтид, таҳқиқи мушикофонаи ҳодисаро талаб карданд.

Наздикони Назира Раҷабоваи 40-сола, ки дар ин ҳодиса фавтид, гуфтанд, вазъи хатарноки пойгоҳ боиси таркиш шудааст.

Бархе аз коргарони дигари пойгоҳ гуфтанд, агар норасоиҳо ислоҳ нашаванд, сар задани таркишҳои дигар аз эҳтимол дур нест.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки дар таркиши рӯзи 20 январ дар Ангрени Нав 3 кас фавтида, 3 каси дигар маҷруҳ шудааст.

Наздикони Назира Раҷабова гуфтанд, марги вай далели ин аст, ки коргарон дар пойгоҳи гармидиҳӣ дар шароити сахт кор мекунанд.

"Хоҳари ман дар бинои 5 кор мекард. Мутахассисон бояд ин маконро назорат мекарданд. Амалан коргарон бояд баъди 24 соат роҳ дода мешуданд. Аммо онҳоро баъди 12 соат роҳ доданд. Аз сиҳатӣ ва бехатарии коргарон сарфи назар карданд", - гуфт Лола Бойғозова, хоҳари Назира Раҷабова.

Мақомот хабар доданд, ки дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқот идома дорад.

XS
SM
MD
LG