Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ба фирориёни Шинҷони Чин ҳамла карданд


Ба Кайша Акан ва Мурагер Олимулӣ, ду фирорӣ аз Шинҷони Чин, ки ба инъикоси масоили поймолсозии ҳуқуқи ақалиятҳо дар Чин машғул буданд, дар Қазоқистон ҳамла сурат гирифт.

Ба Кайша Акан, ки соли гузашта дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт кард, шоми 21 январ дар шаҳри Алмато ҳамла шуд.

"Афроди номаълум ба вай ҳамла кардаанд. Ба сараш задаанд, бӯғӣ карда, ба рӯи замин кашидаанд", - гуфт Бекзод Мақсудхонулӣ, роҳбари созмони сабтнашудаи "Нағиз Атажурт". Ин созмон ба пажуҳиши масъалаи таъқиби қазоқтаборон дар Шинҷон машғул аст.

Мурагер Олимулӣ, фирории дигар аз Шинҷони Чин, ки низ соли гузашта дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт кард, дар шаҳир Нурсултон мавриди ҳамла қарор гирифт.

Олимулӣ гуфт, соати 22 шаб вай аз кӯча мегузашт, ки ду нафари ношинос ба ӯ наздик шуда, бидуни ҳеч ҳарфа ба латту кӯб шуруъ карданд. "Бо корд ба ман ҳамла карданд. Ҷароҳати сабук бардоштам. Дар сарам ва миёнам заданд", - гуфт Олимулӣ.

Пулиси Қазоқистон гуфт, ҳамла ба ин ду нафарро таҳқиқ мекунад.

«Между диктатурой и демократией». Жизнь Сайрагуль Сауытбай в Швеции
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:25:46 0:00

XS
SM
MD
LG