Ссылки доступа

Шоҳидон: мансабдори узбек талош дорад, айбдории писараш дар садамаи маргборро пинҳон кунад


Глава Касанского района Кашкадарьинской области Узбекистана Асрол Байкараев.

Сокини 59-солаи ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёи Узбекистон Шералӣ Жумақулов шаби 12 декабри соли гузашта зери чархи мошини хидматии раиси ноҳия Асрол Байкараев монда, ҷон додааст.

Ба гуфтаи наздикони марҳум ва шоҳидони ҳодиса, он шаб мошини раиси ноҳияи Косонро писари 19-солааш идора мекард ва худи Асрол Байкараев ҳамроҳи ҳамсару духтараш низ дар дохили мошин буданд.

Байкараев ва хонаводааш он шаб зуд маҳалли ҳодисаро тарк карда, бо дастури раиси ноҳия санад тартиб дода шудааст, ки гӯиё он шаб мошинро ронандаи муовини раис Раҳим Ҷураев идора мекард.

Як мақоми баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон гуфт, бо исрори масъулони Вазорати умури дохилии ин кишвар парвандаи садамаи нақлиётии маргборро на шуъбаи пулиси Косон, балки Раёсати пулиси вилояти Қашқадарё тафтиш дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, гӯиё аз Вазорати умури дохилии Узбекистон "шифоҳӣ" дастур додаанд, ки тафтиши парвандаи садамаи нақлиётиро бидуни рабт додани он ба раиси ноҳияи Косон ба поён расонанд.

Сухангӯи ҳукумати Косон Дилшод Набиев низ рух додани садама бо айби писари Байкараевро рад карда, гуфт, хонаводаи раис ба ин ҳодиса ҳеч рабте надорад.

Вале як кормандони ҳукумати Косон ба шарти ифшо нашудни номаш гуфт, он шаб Байкараев зуд ба утоқи корияш баргашта, барои пинҳон кардани иштироки писараш дар садамаи маргбор чора меандешид.

XS
SM
MD
LG