Ссылки доступа

Дар Русия гуфтанд, муҳоҷирони "серхаридор"-ро бармегардонанд, вале мунтазири боз шудани роҳ ҳастанд


Як мансабдори баландпояи Русия гуфтааст, чӣ гуна танзим кардани вуруди муҳоҷиронро аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Туркия барои кор дар сохтмонҳои ин кишвар "ёфтанд".

Ба қавли Ирек Файзуллин, вазири сохтмони Русия, механизми нав ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ аст ва баробари кушода шудани марзҳо ба иҷро хоҳад даромад. Яъне, муҳоҷирон бо дархости ширкатҳое, ки ба коргар ниёз доранд, даъват карда мешаванд.

"Кумисюн бо Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Туркия созмон дода шуд. Намояндагони ширкатҳои бузург ва раҳбарони минтақаҳо барои овардани нерӯи корӣ аз хориҷ ба Русия ба Вазорати сохтмон бояд муроҷиат кунанд”, -- гуфтааст ӯ рӯзи 22-юми январ дар нишасте дар Утоқи савдо ва саноати Русия.

Аз ин пеш, дар оғози моҳи декабри соли гузашта Вазорати сохтмони Русия гуфта буд, вуруди коргарон танҳо ба корхонаҳое иҷозат дода хоҳад шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштиро кафолат бидиҳанд, коргаронро дар идораи муҳоҷират сабт карда, бо онҳо қарордод банданд ва дар хобгоҳҳои махсус ҷойгир кунанд.

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 23-юми январ гуфт, ин иқдом имкон медиҳад, ки муҳоҷирони бинокор бо ҷойи кор ва маошу бима (суғурта)-тиббӣ дар қаламрави Русия таъмин шаванд.

Вай афзуд, то кунун ба 468 шаҳрванди кишвар барои кор дар сохтмонҳои Иркутск иҷоза дода шудааст, вале "интизор меравад, роҳи вуруди муҳоҷирони бинокор, ки кордиҳандагон дар Русия ба онҳо эҳтиёҷ доранд, аз оғози баҳор боз шавад."

Ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои рушди стратегӣ ва лоиҳаҳои миллӣ ба ҳукумат дастур дод, то моҳи марти имсол роҳҳои содда кардани ҷалби муҳоҷирони кориро ба сохтмон баррасӣ кунанд.

Русия бинобар кам шудани шумораи аҳолиаш ба нерӯи корӣ аз хориҷа эҳтиёҷ дорад ва пандемияи короновирус ин мушкилро бештар кард.

Дар охири моҳи декабри соли гузашта Марат Ҳуснуллин, муовини нахуствазири Русия гуфт, то 1,5 миллион муҳоҷире, ки дар сохтмон кор мекарданд, дар аҳди пандемия ба Русия нарафтанд ва аз ин рӯ камбуди коргарон масъалаи ҷиддист.

Ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия умед доранд, содда кардани вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳо ба муътадил шудани бахши сохтмон кумак мекунад.

Марзҳои Русия аз 20-уми марти 2020 инҷониб барои шаҳрвандони хориҷӣ бастааст.

Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон имсол барои кор ба Русия рафта натавонистанд ва дар дохили кишвар бо камбуди пул мувоҷеҳ шуданд. Ҳар рӯз чандин нафар аз онҳо бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда, кай боз шудани роҳро ба сӯйи Русия мепурсанд. Аксари оҳо дар сохтмон кор мекарданд.

То оғози пандемия, ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, 480 ҳазор ва ба гуфтаи мақомоти Русия беш аз миллион муҳоҷири кории тоҷик дар он кишвар кору зиндагӣ мекарданд. Бахше аз онҳо дар оғози пандемия ва ба сабаби авҷи бемориву танаффус дар корхонаҳо тавассути парвозҳои чартерӣ ба кишвар баргаштанд.

XS
SM
MD
LG