Ссылки доступа

Дар Алмато мехоҳанд, қаҳрамони олимпӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли ҷамъиятӣ Айгерим Тлеужанова аз болои қаҳрамони бозиҳои олимпӣ - муштзан Ермахан Ибраимов - ба пулис шикоят бурд.

Фаъоли ҷамъиятӣ мегӯяд, Ибраимов дар рӯзи интихоботи порлумонии 10 январ ӯро задааст. Рӯзи 10 январ иддае аз фаъолони ҷамъиятӣ бо нишони эътироз ба кӯча баромаданд. Пулис фаъолонро дар муҳосира гирифт.

"Вай (Ибраимов) бе ҳеч мушкилӣ аз муҳосираи пулис гузашта, бо мо вориди гуфтугӯ шуд. Пулис мусоидат кард, ки вай назди мо ояд ва моро таҳқир кунаду шиорҳои моро пора кунад", - гуфт Тлеужанова.

"Ман ба хотири он шикоят кардам, ки чунин рафтор бе посух намонад", - гуфт вай.

Ибраимов, қаҳрамони бозиҳоии олимпии соли 2000 эътироф кард, ки дар эътирозҳои рӯзи 10 январ ширкат ва шиорҳои эътирозгаронро пора кардааст.

XS
SM
MD
LG