Ссылки доступа

Нигарониҳо аз таркишҳои навбатии эҳтимолӣ дар маркази гармидиҳии Узбекистон


Взрыв на Ново-Ангренской ТЭС.

Наздикони ҳалокшудаҳо дар таркиши Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканди Узбекистон мегӯянд, фоҷеа барои он рух дод, ки дар марказ бехатарии кормандону техникаҳо таъмин нашуда буд.

Пайвандони ду қурбонӣ - Манзура Туйчиеваи 52-сола ва Назира Раҷабоваи 40-сола гуфтанд, раҳбарияти Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен" баъди ду рӯзи ҳодиса ба аёдати хонаводаҳои онҳо рафта, гуфтаанд, таркиш як "ҳодисаи табиӣ" буд.

Ба гуфтаи онҳо, сармоягузоре, ки Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-ро аз ҳудуди Қазоқистон раҳбарӣ мекунад, бидуни ифшои шахсияти худ, ба хонаводаи осебдидаҳо 10000-долларӣ тақсим кардааст

Як масъули маъмурияти Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен" ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "Бисёр хуб мешуд, агар мақомот дар пасманзари ин таркиш ба вазъи марказ аҳамият медоданд. Аз ҳушдор додани вазъи марказ ба раҳбарият хаста шудем. Марказ хеле таъмирталаб шудааст".

Ба гуфтаи як корманди дигари Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен", бештари дастгоҳу таҷҳизоти марказ фарсуда ва корношоям шудаанд. Дар сурати таъмир накардани он эҳтимоли рух додани таркишҳо вуҷуд дорад.

Дар қисми 5-уми ​Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканд 20 январ таркиш рух дод. Дар натиҷа ду зану як мард ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шуданд. Мудири сехе, ки дар он таркиш рух дод, баъди бозпурсӣ дар идораи пулис худро овехт. Додситонӣ дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ки боиси марги инсон мешавад" парванда боз кардааст.

Ба иттилои Вазорати энергетикаи Узбекистон, Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"​ ба ҳар як хонаводаи ҳалокшудагон 105 млн сӯм (наздики 10 ҳазор доллар) ҷуброн пардохт кардааст. Ҳамчунин ин хонаводаҳо 20-21 январ барои маросими дафн ҳудуди 500-долларии дигар дарёфт карда буданд.

XS
SM
MD
LG