Ссылки доступа

Дар Русия корманди пулисро барои видеои ҷонибдорӣ аз Навалний ихроҷ карданд


Дар Русия корманди пулисеро аз мақомоти Вазорати умури дохилии ин кишвар ихроҷ карданд, ки ба ҷонибдорӣ аз мухолифи сарсахти Кремл Алексей Навалний ва "маҳбусони сиёсӣ"-и дигар видеоеро сабт ва нашр кард.

Руслан Агибалов, корманди пулиси шаҳри Курск баъди чанд соати нашри видеое дар шабакаи YouTube барои "амале, ки боиси бадном шудани корманди умури дохилӣ мегардад", аз мақом барканор карда шуд.

Агибалов дар ин видео бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, фарзандони ӯ дар кишваре ба воя хоҳанд расид, ки эҳтимол аст барои изҳори норозигии худ ба амали мақомот ё эътироз кардан аз озодӣ маҳрум шаванд.

Ба гуфтаи маъмури рус, ба таҳия ва нашри ин видео таҳлили як қатор парвандаҳо, аз ҷумла боздошти раиси минтақаи Хабаровски Русия Сергей Фургал, "марги мармуз"-и одамоне сабаб шудааст, ки президенти ин кишвар Владимир Путинро интиқод мекарданд.

Пулиси Русия 23 январ дар ҷараёни эътирозҳо аз боздошти мунаққиди сиёсатҳои Кремлин Алексей Навалний зиёда аз 3,5 ҳазор касро боздошт кард. Ҳамоишҳои рӯзи шанбеи 23 январ дар чандин шаҳри Русия аз бузургтарин эътирози солҳои охир дониста шуд.

Дар Маскав, пойтахти Русия, норозиён дар майдони Пушкин бо пулис даргир шуданд. Пулис бархе аз онҳоро калтаккорӣ ва бо истифода аз нерӯ ба автобусҳо савор кард. Дар ниҳоят пулис гирдиҳамомадагонро аз ин майдон берун намуд, вале онҳо дар яккилометрии майдон ҷамъ омаданд ва ба тарафи кормандони пулис барф андохтанд.

Мақомоти шаҳр шумораи тазоҳуркунандагонро 4000 нафар номид, вале хабаргузории Reuters теъдоди онҳоро 40 ҳазор нафар гуфт.

XS
SM
MD
LG