Ссылки доступа

Дар Шведсия дар бораи ҳомии ҳуқуқи узбек Дилобар Эркинзода филм офариданд


Шведский фильм «Только дьявол живёт без надежды» об узбекской правозащитнице Дилобар Эркинзода.
Шведский фильм «Только дьявол живёт без надежды» об узбекской правозащитнице Дилобар Эркинзода.

Телевизиони миллии Шведсия - SVT филми ҳуҷҷатиеро намоиш дод, ки дар ҳамкорӣ бо "Auto Images AB", "Film i Skåne" ва "UpNorth Film Studios"-и Норвегия наворбардорӣ шудааст.

Филм "Ноумед шайтон аст" номгузорӣ шуда, дар бораи Дилобар Эркинзода қисса мекунад. Эркинзода замоне ҳомии ҳуқуқ шуд, ки бародари ӯро бо гумони терроризм дар Узбекистон боздошт карданд.

"Ин филм дар бораи умеди шикастнопазир дар роҳи зинда мондан ва озод шудани бародарам аст, ки дар Узбекистон ба қатл маҳкум шуда буд", - изҳор дошт Дилобар Эркинзода.

Дилобар хоҳари Искандар Худойберганов аст, ки соли 2002, баъди ҳамлаи афроди ношинос ба бинои ҳукумат дар шаҳри Тошканд бо гумони терроризм боздошт шуда буд. Режими президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов он замон ӯро ба қатл маҳкум кард, вале баъди бекор шудани ҳукми қатл Худойбергановро ба зиндони Жаслиқ, маъруф бо номи "ҷазираи шиканҷа" интиқол доданд.

Вақте Худойбергановро ҳабс карданд, Дилобар 20 сол дошт ва зиндонӣ шудани бародараш ӯро ҳомии ҳуқуқ гардонд. Дилобар баъди таҳдиду фишорҳо ба хонаводааш дар соли 2008 ба Шведсия фирор карда, дар он кишвар дархости паноҳандагӣ намуд.

XS
SM
MD
LG