Бино ба навиштаи расонаи "На посту", ин зан дар моҳи чаҳоруми ҳомиладорӣ қарор дорад.
Зану шавҳар бар ивази фарзандашон, ки ҳанӯз таваллуд нашудааст, 9 ҳазор доллар талаб кардаанд. Онҳо ҳангоми дарёфти 6 ҳазор доллар дастгир шуда, зиддашон парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.
Ба ҳисоби Вазорати умури дохилии Узбекистон, солҳои 2017-2020 дар он кишвар 185 ҳолати фурӯши кӯдак ба қайд гирифта шудааст.