Ссылки доступа

Коргарони як чоҳи нафт дар Қазоқистон бо талаби маоши бештар корпартоӣ карданд


Бештар аз 200 коргари чоҳи нафти Кокжде дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бо талаби боло бурдани сад дарсадии моҳона рӯзи 25 январ корпартоӣ карданд.

Як коргари чоҳ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, моҳона камтар аз 370 доллар маош мегирад, ки ба харҷи рӯзгораш намерасад.

"То нисфи рӯз наздики 100 нафар будем, баъди нисфирӯз шумори коргароне, ки ба иқдоми мо пайвастанд, афзуд. Ҳоло бештар аз 200 кас ҳастем. Кор вазнин аст ва маош кам", - гуфт он коргар.

Ширкати "КМК Мунай", ки чоҳи вилояти Оқтеппаро дар ихтиёр дорад, моҳи августи соли гузашта маоши коргаронро 33 дарсад боло бурда буд. Аммо коргарон мегӯянд, танҳо бархе мутахассисон соҳиби маоши баланд шуданд, на ҳамаи коргарон.

Ширкати "КМК Мунай" наздики 400 коргар дорад ва соли 2004 таъсис шудаву ба истихроҷи нафт машғул аст.

XS
SM
MD
LG