Ссылки доступа

Сенати Амрико импичменти Трампро баррасӣ мекунад


Спикер Палаты представителей Нэнси Пелоси представляет статью импимчмента бывшего президента Трампа, одобренную Палатой представителей
Спикер Палаты представителей Нэнси Пелоси представляет статью импимчмента бывшего президента Трампа, одобренную Палатой представителей

Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА рӯзи душанбе айбномаеро зидди президент Доналд Трамп расман барои баррасӣ ба Сенат пешниҳод кард, ки яке аз бандҳои он изҳори нобоварӣ ба ӯро пешбинӣ мекунад.

Ин иқдом ба баҳсҳои додгоҳӣ зидди президенти пешини Амрико дар палатаи болоии Конгресс оғоз хоҳад бахшид.

Санади пешниҳодии маҷлис бандеро низ дар бармегирад, ки Трампро дар "таҳрик ба ошӯб" айбдор менамояд. Маҷлиси намояндагони ИМА суханронии Трампро дар тазоҳуроти ҷонибдоронаш, ки баъди он садҳо эътирозгар ба бинои Конгресс ҳамла карда, хостанд, ҷаласаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботро ба ҳам зананд, "таҳрик ба ошӯб" номидааст.

Баррасии айбномаи зидди Трамп дар Сенат 8 феврал оғоз мешавад. Дар сурати айбдор дониста шудани Трамп ӯ аз як қатор имтиёзҳои гуногуне маҳрум хоҳад шуд, ки барои президентҳои пешини Амрико пешбинӣ шудааст ва ҳамчунин дигар ҳақ надорад, номзадии худро ба мақоми президентии ИМА пешбарӣ кунад. Вале танҳо як узви ҷумҳурихоҳи Сенат изҳори нобоварӣ ба Трампро ҷонибдорӣ мекунад. Барои изҳори нобоварӣ ба Трамп бояд аз се ду ҳисаи аъзои Сенат раъй диҳанд.

Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден рӯзи душанбе гуфт, ба додгоҳи Сенат кашидани Трампро бо вуҷуди таъсири манфияш ба ҳамкориҳои намояндагони ҳизбҳои ҷумҳурихоҳу демократ истиқбол мекунад. "Вале агар ин кор нашавад, оқибатҳояш сангинтар хоҳад буд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG