Ссылки доступа

Тоҷикистон гуруҳи муҳоҷиронро ба Иркутски Русия ба кор мефиристад


Таджикские мигранты на одной из строек в России
Таджикские мигранты на одной из строек в России

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барномаи сафари як гуруҳи беш аз 400 нафарии муҳоҷирони кории тоҷикро ба вилояти Иркутски Русия бо мақомоти кишвари мизбон ҳамоҳанг кардаанд.

Гуфта мешавад, ин муҳоҷирон дар рӯзҳои наздик вориди Русия шуда, дар сохтмонҳои ин кишвар кор хоҳанд кард. Дар ҳоле ки муҳоҷирон аз имконияти сафар ба Русия дар шароити баста будани роҳҳо истиқбол мекунанд, бархе аз онҳо мегӯянд, дар гузашта чунин барномаҳо чандон муваффақ набудаанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 25 январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари омода шудани як гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар вилояти Иркутски Русияро тасдиқ кард. Вай гуфт, ки раёсати байналмилалии ин вазоратхона бо ҷониби Русия дар ин замина музокирот дошт. Фарангис Исломова, сардори ин раёсат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки се ширкати сохтмонӣ аз вилояти Иркутск дар шарқи Русия хостори ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон шудаанд. Ӯ гуфт:

“Ин ширкатҳо вазифадор шуданд, ки тавассути парвози вижа коргарони тоҷикро ба Русия бурда, бо ҷойи кор ва зиндагӣ таъмин мекунанд. Нархи билети парвоз, нархи иҷозаи кор ва сабти номро ин ширкатҳо пардохт мекунанд. Ҳамчунин ба тавофуқ расидем, ки баъд аз муддате ин ширкатҳо коргарони тоҷикро барои рухсатӣ ба Тоҷикистон оварда, сипас дубора ба Русия мебаранд”.Фарангис Исломова дар посух ба ин савол, ки маоши ин муҳоҷирон дар Русия чӣ миқдор аст, гуфт, ки тибқи тавофуқот наметавонад ин рақамро ифшо кунад, вале дар муқоиса бо соли гузашта маоши муҳоҷирони кории тоҷик ду маротиба бештар аст. Ҳамчунин ин ширкатҳои сохтмонӣ бо “Роспотребнадзор”, муассисаи танзимкунандаи беҳдоштии Русия тавофуқ кардааст, ки муҳоҷирони кории воридшаванда ба Русия тӯли ду ҳафта дар карантин қарор дода мешаванд. Ба гуфтаи ин масъули Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, минбаъд бештаре аз муҳоҷирони кории тоҷик ба чунин тартиб ва тавассути бахши “Кор дар Русия” ба Русия ҷалб карда мешаванд.

Ду сол қабл Тоҷикистон бо Русия дар бораи ҷалби муташакилонаи муҳоҷирон барои кор дар ин кишвар созишнома имзо карда буданд. Аммо ба ин шева ба кор ҷалб намудани муҳоҷирон дар гузашта чандон муваффақ набуд. Аз ҷумла моҳи марти соли 2019 як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мақомоти шуғлу меҳнатро дар Тоҷикистон ба "ваъдахилофӣ" муттаҳам карда буданд, ки бо кӯмаки мақомот ба Русия барои кор рафта, вале дар шароити сахту сангин қарор гирифтанд. Гуруҳи муҳоҷирони тоҷик, ки барои кор дар як фермаи хукпарварии шаҳри Великие Лукии вилояти Псков истихдом шудаанд, мегӯянд, вақте моҳи ноябри порсол корро шурӯъ карданд, дар навбати аввал аз дасташон шиносномаҳо гирифта шуд. Ба онҳо ваъда шуд, ки моҳона барояшон 28 ҳазор рубл ва ҷои хобу хӯрок таъмин мешавад, вале дар ниҳоят маошашон камтар аз ин маблағ шуд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки ҳамакнун Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон наҳваи муосири эъзоми муҳоҷирони корӣ ба хориҷи кишварро рӯйи даст гирифтааст. Аммо, бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик ҳатто бо чунин наҳваи эъзоми дастҷамъонаи нерӯи корӣ ба Русия розӣ нестанд. Бахтиёр Шовалиев, сокини ноҳияи Рашт мегӯяд, ки соле қабл ӯро ба чунин тарз ба Русия бурда, дар ниҳоят фиреб додаанд:

“Ҳоҷӣ Ибодатулло ном шахсе худро соҳибкоре аз Ёқутистон муаррифӣ карда, барои бешабурӣ ҳудуди сӣ нафарро ба ин минтақаи дурдасти Русия бурд. Ваъда дод, ки бо маоши хубу ҷойи зиндагӣ таъмин мекунад. Аммо, моро ба бешазор бурда партофт ва ҳеҷ яке аз ваъдагиҳояшро иҷро накард. Бо қарзҳои гирифтаамон ба Тоҷикистон баргаштем”.

Гузашта аз ин, бархе аз коршиносон иддао мекунанд, ки бештаре аз муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ба унвони нерӯи кории арзон истифода карда, маоши кам медиҳанд.

Аммо, Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар шароити баста будани марзҳо дар шароити хуруҷи бемории COVID -19 танҳо эъзоми дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ роҳи ягонаи бо шуғл таъмин кардани аҳолии кишвар мебошад: Ӯ гуфт : “бархе аз шаҳрвандони тоҷик тавассути шаҳрҳои Қирғизистону Узбекистон барои кор ба Русия мераванд. Аммо, ҷалби дастҷамъонаи муҳоҷирон беҳтар аст. Зеро, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар 9 минтақаи Русия намояндагӣ дорад ва метавонад ҷойи кори ин афродро назорат кунад”.

Ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди тоҷик дар ҷустуҷӯи ҷойи кор умдатан озими Русия мешаванд. Аммо, баъд аз хуруҷи бемории ҳамагири COVID 19 дар баҳори соли гузашта марзҳо баста ва парвозҳои мунтазам миёни ин ду кишвар қатъ шуданд. Дар тӯли як соли ахир садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик натавонистанд тибқи маъмул худро барои кор то ба Русия расонанд.

Ҳукумати Тоҷикистон иқрор кардааст, пулфиристии муҳоҷирон дар соли гузашта кам шуда, оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон бештар шудаанд. Оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон нисбат ба оилаҳои миёнҳол, бештар ба пули муҳоҷират вобастаанд.

Раҳмон Улмасов бар ин аст, ки дар оғози соли 2021 вазъ дар Тоҷикистон беҳтар мешавад. Зеро, ба андешаи вай, Русия ҳоло ба нерӯи муҳоҷирони корӣ сахт ниёз дорад ва Маскав маҷбур аст, ба онҳо иҷозаи вуруд диҳад ё ҳатто худаш онҳоро бубарад. Дар акси ҳол, ба эътиқоди ин таҳлилгар, мизони Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Русия дар соли ҷорӣ панҷ дарсад кам мешавад, афзуд Раҳмон Ӯлмасов.

XS
SM
MD
LG