Ссылки доступа

Ҷонибдорони Навалний 31 январ дар Русия тазоҳурот карданианд


Леонид Волков, раҳбари шабакаи ситодҳои минтақавии мухолифи сарсахти Кремл Алексей Навалний эълом кард, ки 31 январ дар "тамоми шаҳрҳои Русия" бо талаби раҳоии сиёсатмадор аз боздоштгоҳ тазоҳурот баргузор хоҳанд кард.

"Чаро маҳз рӯзи якшанбе, 31 январ? Зеро 2 феврал мурофиаи додгоҳии Навалний баргузор мешавад.Талаби мо дар арафаи мурофиа нишонрастар хоҳад буд. Вале дар шаҳри Москва 2 феврал бояд ба назди додгоҳ рафт", - навишт Волков дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ҷонибдорони Навалний 23 январ низ дар як қатор шаҳрҳои Русия тазоҳурот карда буданд. Дар ин эътирозҳо беш аз 100 ҳазор одам иштирок дошт. Ситодҳои Навалний шумори тазоҳургаронро 250 ҳазор гуфтанд. Пулиси Русия дар ҷараёни эътирозҳо зиёда аз 3,5 ҳазор касро боздошт кард. Ин ҳамоишҳои 23 январ аз бузургтарин эътирози солҳои охир дар Русия дониста шуд.

Дар Москва, пойтахти Русия, норозиён дар майдони Пушкин бо пулис даргир шуданд. Пулис бархе аз онҳоро калтаккорӣ ва бо истифода аз нерӯ ба автобусҳо савор кард. Дар ниҳоят пулис гирдиҳамомадагонро аз ин майдон берун намуд, вале онҳо дар яккилометрии майдон ҷамъ омаданд ва ба тарафи кормандони пулис барф андохтанд.

Мақомоти шаҳр шумораи тазоҳуркунандагонро 4000 нафар номид, вале хабаргузории Reuters теъдоди онҳоро 40 ҳазор нафар гуфт.

XS
SM
MD
LG