Ссылки доступа

Модарони серфарзанди шаҳри Нурсултон талаби қабул нашудани "қонуни хушунат"-ро доранд


Наздики 30 зан дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон назди Хонаи вазирон ҷамъ шуда, зидди қабул нашудани қонун "Дар бораи муқобила бо хушунати хонаводагӣ" шиор доданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар тарҳи қонун "муносибати бераҳмона бо кӯдакон" борҳо зикр шуда ва ин қонун маҳдудиятҳои зиёдеро пешбинӣ кардааст.

Ба гуфтаи занҳо, дар сурати қабули қонун мақомот имкон пайдо мекунанд, ки фарзандонро аз оилаҳо бигиранд ва ҳуқуқҳои падару моддарро маҳдуд кунанд. Занҳо ҳамзамон гуфтанд, ки зарурати қабули чунин қонуне мавҷуд нест.

"Дар қонун рушан гуфта нашудааст, ки маҳз ҳуқуқи кӯдакон ҳимоят мешавад. Афзалият ба муассисаҳои хусусӣ дода мешавад. Барои мисол, тамоми маълумотҳои кӯдак, ки ба рақами 111 занг мезанад, ҷамъ оварда мешавад. Ва ин маълумот зидди падару модар истифода мешавад. Мо рад шудани ин тарҳро талаб дорем", - гуфт Молдир Сарсенбоева, як зани эътирозгар.

Тарҳи қонун "Дар бораи муқобила бо хушунати хонаводагӣ" дар порлумони Қазоқистон баррасӣ шуд, аммо ҳафтаи гузашта онро барои такмил баргардониданд.

XS
SM
MD
LG