Ссылки доступа

Боздошти довталабони курсии президентии Қирғизистон баъди интихобот


Хадамоти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон муовини пешини вазири умури дохилии ин кишвар Курсан Асановро боздошт кард.

Вакили дифои Асанов - Икромидин Айтқулов гуфт, зидди шахси зери ҳимояаш бар асоси банди "Ғасби бино ё иншоот" парванда боз шудааст.

"Курсан Асановро 26 январ дастгир карда, ба Боздоштгоҳи муваққатии пулиси шаҳри Бишкек бурданд", - афзуд ӯ.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон то ҳол боздошти Асановро расман шарҳ надодааст. Пештар хабар доданд, ки Асановро 26 январ ба бозпурсӣ даъват кардаанд.

Курсан Асанов моҳи октябри соли 2020 низ дар доираи парвандаи бетартибиҳо дар шаҳри Бишкек боздошт шуда, додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд.

Ӯ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қирғизистон дар рӯзи 10 январи соли 2021 иштирок карда, расман 0,5 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овард.

Курсан Асанов моҳи октябри соли гузашта дар ҷараёни бетартибиҳои Бишкек гуфта буд, ки вазири умури дохилии Қирғизистон Кашкар Ҷунашалиев утоқи кории худро тарк кардааст ва ӯ иҷрои вазифаҳои комендантро бар дӯш мегирад. Вале Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, вазифаҳои комендантро муовинони вазир иҷро мекунанд ва Асановро аз ин ниҳод берун кард.

Асанов рӯзҳои 7-8 августи соли 2019 дар ҳамла ба манзили президенти он кишвар Алмосбек Отамбоев ширкат ва президенти пешинро ба таслимшавӣ водор кард. Дар натиҷа зиддаш парванда боз шуда, аз мақом баркано шуд.

Мақомоти додситонӣ хабар доданд, ки парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақом" ба он хотир боз шудааст, ки Асанов: ҳангоми ҳамла дастурҳои вазири корҳои дохилиро нодида гирифта; худсарона амал карда; ҳангоми ҳамла ҳайати шахсиро беназорат гузошта ва бо ин рафтораш кормандони милисаро дар хатар гузоштааст.

Вале Асанов гуфт, он рӯз дар манзили Отамбоев "қарзи хизматиашро иҷро кард" ва "назди кишвару виҷдонаш пок аст". "Манфиатҳои шахсиамро болотар аз манфиатҳои давлатӣ нагузоштаам", - афзуд вай.

Пештар аз ин, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Абдил Сегизбоев, ки дар интихоботи президентии ин кишвар иштирок карда буд, дастгир шуд. Сегизбоев дар миёни 17 номзад бо касби 1, 46 дарсади раъйҳо мақоми панҷумро касб карда буд.

XS
SM
MD
LG