Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҷорӣ кардани рамзи QR-ро барои мушаххассозии сиҳатии сокинон баррасӣ доранд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 26 январ дар як ҷаласаи видеоӣ гуфт, ҳукумати кишварашро дастур медиҳад, ки барои воксинзании сартосарӣ аз 1 феврал омодагӣ бинад.

Ҳукумат дар якҷоягӣ бо Палатаи миллии соҳибкорони "Атамекен" давоми як моҳ бояд масъалаи роҳандозии рамзи QR-ро бо иттилоъ дар бораи вазъи масунияти сокинон ҳал кунанд, гуфт Тоқаев.

"Чанде аз кишвар аллакай масунияти сокинонро ҳамчун нишондоди асосӣ барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ба эътибор мегиранд", - гуфт президенти Қазоқистон.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки воксинзанӣ ихтиёрӣ аст. Шуруъ аз 1 феврал дар он кишвар воксинзанӣ зидди вабои коронавирус шуруъ мешавад. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, воксини русии "Спутник V"-ро истифода мекунанд.

Дар Қазоқистон 2961 ҳолати марг ва 227 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG