Ссылки доступа

Дар Туркманистон ба воксинзании умумӣ омодагӣ мегиранд


Дар Туркманистон ба воксинзании сартосарӣ омодагӣ мегиранд. Дар баробари омодагии модиву техникӣ, шаҳрвандонро барои воксинзанӣ гуруҳбандӣ мекунанд. Шаҳрвандони аз 60-сола боло дар гуруҳи аввал шомил шудаанд.

Сокинони Туркманистон мегӯянд, шаҳрвандон танҳо дар сурати доштани ташхиси подтан воксин хоҳанд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Туркманистон расман коронавирус сабт нашудааст ва мантиқан сокинон низ подтан ҳосил накардаанд.

Мақомоти Туркманистон омодагӣ ба воксинзаниро шарҳ намедиҳанд.

Мақомоти тандурустии он кишвар гуфта буданд, ки аз воксинҳои русии "Спутник V" харидорӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG