Ссылки доступа

Дар чоҳи нафти Кокжиди Қазоқистон корпартоӣ идома дорад (видео)


Коргарони чоҳи нафти Кокжиди ноҳияи Темири вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи дувум аст, ки ба корпартоӣ идома медиҳанд. Коргарон афзоиши сад дарсадии маошро талаб доранд.

Рӯзи 26 январ наздики 200 коргар даст ба корпартоӣ заданд. Он рӯз корфармо бо коргарон ба созиш нарасиданд.

Яке аз коргарон гуфт, ки ширкати "КМК Мунай", коркардкунандаи чоҳи нафти Кокжид афзоиши 20 дарсадии маошро пешниҳод кардааст, аммо коргарон ба он розӣ нашудааннд. Коргарон гуфтаанд, то замоне, ки талабашон қонеъ нашавад, ба кор барнамегарданд.

Як коргари чоҳ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, моҳона камтар аз 370 доллар маош мегирад, ки ба харҷи рӯзгораш намерасад.

"То нисфи рӯзи 25 январ наздики 100 нафар будем, баъди нисфирӯз шумори коргароне, ки ба иқдоми мо пайвастанд, афзуд. Ҳоло бештар аз 200 кас ҳастем. Кор вазнин аст ва маош кам", - гуфт он коргар.

Ширкати "КМК Мунай" моҳи августи соли гузашта маоши коргаронро 33 дарсад боло бурда буд. Аммо коргарон мегӯянд, танҳо бархе мутахассисон соҳиби маоши баланд шуданд, на ҳамаи коргарон.

Ширкати "КМК Мунай" наздики 400 коргар дорад ва соли 2004 таъсис шудаву ба истихроҷи нафт машғул аст.

XS
SM
MD
LG