Ссылки доступа

Додгоҳ муовини пешини вазири энержии Қазоқистонро бегуноҳ эълом кард


Анатолий Шкарупа.
Анатолий Шкарупа.

Додгоҳе дар Қазоқистон гумонбарони парвандаи пурсарусадои дуздии пулҳои буҷаи давлат, аз ҷумла муовини пешини вазири энержии ин кишвар Анатолий Шкарупаро бегуноҳ эълом кард.

"Додгоҳ ба хулосае расид, ки гуноҳи ин афрод тасдиқи худро наёфт. Ҳамчунин тафтишоти пешакӣ ғайриқонунӣ оғоз карда шудааст", - изҳор дошт додраси парванда Жанат Егембердиева.

Додрас низ гуфтааст, ба додситони кулли Қазоқистон расонида шавад, ки ниҳоди зери раҳбарии ӯ ҳангоми тафтиши парванда ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Бинобар ин, дар муддати як моҳ роҷеъ ба ин қазия чораҳои махсус андешида шуда, ба додгоҳ хабар дода шавад.

Анатолий Шкарупа нимаи дувуми моҳи ноябри соли 2018 боздошт шуда буд. Ӯ ибтидои моҳи октябри соли 2017 ба ин мақом таъйин шуд. То ин дам вай ду сол раиси шаҳри Сарани вилояти Қарағанда буд. Шкарупа ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми раиси шаҳр буданаш 215 миллион танга (беш аз 580 ҳазор доллар)-ро аз худ кардааст.

Додситони кулли Қазоқистон Кайрат Кожамжаров ду ҳафта пеш аз боздошти ӯ дар Шӯрои амнияти кишвараш ба Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ҳангоми раҳбарии Шкарупа дар Саран дар хонаҳои сокинон ҳисобкунакҳои низоми гармидиҳӣ насб карда шудааст. Вале дар ин шаҳр шабакаи гармидиҳӣ аслан вуҷуд надорад.

Вале Шкарупа моҳи ноябри соли 2020 бо навиштани номае ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ҳуқуқи ӯ ба озодӣ барқасдона ва ғайриқонунӣ поймол мешавад. Ба гуфтаи муовини пешини вазири энержии Қазоқистон, ӯро бар асоси далелҳои бофта дар дуздии 215 миллион танга айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG