Ссылки доступа

Бештари ҷумҳурихоҳони Сенат зидди импичменти Трамп ҳастанд


Бештари ҷумҳурихоҳон дар Сенат, палатаи болоии Конгресси ИМА зидди импичмент ё изҳори нобоварӣ ба президенти пешин Доналд Трамп ҳастанд.

"Садои Амрико" мегӯяд, теъдоди ҷумҳурихоҳоне, ки дар Сенат аз изҳори нобоварӣ ба Трамп ҷонибдорӣ мекунанд, барои импичменти ӯ кофӣ нахоҳад буд. Сенатори ҷумҳурихоҳ Рэнд Пол бо эътироз ба раъйгирии 26 январ гуфт, идеяи изҳори нобоварӣ ба Трамп ғайриконститутсионӣ аст.

Барои изҳори нобоварӣ ба Трамп бояд аз се ду ҳисаи аъзои Сенат раъй диҳанд. Яъне, ҳамаи демократҳои Сенат ва 17 сенатори ҷумҳурихоҳ бояд аз импичменти президенти пешин ҷонибдорӣ кунанд.

Ҳарчанд аксари ҷумҳурихоҳон дар аввал Трампро дар робита ба бетартибиҳо дар бинои Капитолия танқид карданд, вале на ҳамаи онҳо барои ҷонибдорӣ аз импичмент изҳори омодагӣ мекунанд.

Маҷлиси намояндагони Амрико 25 январ санади ба қонуншиканӣ муттаҳам кардани раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трампро ба Сенат, палатаи болоии Конгресс пешниҳод кард. Вакилони мардумӣ Доналд Трампро “ба барангехтани ошӯб” дар рӯзи 6-уми январ муттаҳам мекунанд. Дар он рӯз тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Конгресс ҳуҷум бурданд ва ҷаласаи тасдиқи натиҷаҳои интихобот ва пирӯзии Ҷо Байден - рақиби демократи Доналд Трампро баҳам заданд.

Интизор меравад, баррасии парвандаи Трамп дар Сенат на дертар аз 8 феврал расман оғоз шавад.

XS
SM
MD
LG