Ссылки доступа

Вазирони хориҷии "Ҳафтгонаи бузург" аз Русия хостанд, Навалнийро фавран озод кунад


 Глава внешнеполитического ведомства ЕС Жозеп Боррель
Глава внешнеполитического ведомства ЕС Жозеп Боррель

Вазирони умури хориҷии кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) Жозеп Боррел аз мақомоти Русия даъват карданд, ки мухолиф Алексей Навалний ва ҳамаи иштирокдорони боздоштшудаи тазоҳуроти 23 январро фавранд озод кунанд.

Вазирон "ангезаҳои сиёсӣ" доштани ҳабси Навалнийро маҳкум ва аз мақомоти Русия даъват карданд, ки ба уҳдадориҳои байналмилалии худ пойбанд бимонанд ва ҳуқуқи инсонро риоя кунанд.

"Ин ки ҷаноби Навалний барои айбе, ки Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо ҳанӯз дар соли 2017 онро комилан беасос номида буд, хеле нороҳаткунанда аст", - омадааст дар изҳороти муштараки вазирон.

Намояндагони "Ҳафтгонаи бузург" (Бритониё, Олмон, Итолиё, Канада, ИМА, Фаронса, Ҷопон) ва масъули сиёсати хориҷии ИА бори дигар аз Москва хостаанд, "бо далелҳои қонеъкунанда истифодаи силоҳи кимиёӣ дар ҳудуди Русия"-ро шарҳ диҳад. Навалний бо маводе аз гуруҳи "Новичок" дар Русия заҳролуд шуда буд. Дар ҳоле ки Русия узви Конвенсияи манъи истифодаи силоҳи кимиёӣ аст.

Ҳамчунин дар робита ба "боздошти рӯзноманигорон ва ҳазорҳо иштирокдори тазоҳуроти осоиштаи 23 январ ба ҷонибдорӣ аз Навалний изҳори нигаронӣ шудааст. "Ин қазия нишон дод, ки фазо барои мухолифон, фаъолони ҷомеаи маданӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва расонаҳои мустақил дар Русия то куҷо тангтар мешавад", - гуфтаанд вазирон.

Ҷонибдорони Навалний 23 январ низ дар як қатор шаҳрҳои Русия тазоҳурот карда буданд. Дар ин эътирозҳо беш аз 100 ҳазор одам иштирок дошт. Ситодҳои Навалний шумори тазоҳургаронро 250 ҳазор гуфтанд. Пулиси Русия дар ҷараёни эътирозҳо зиёда аз 3,5 ҳазор касро боздошт кард. Ин ҳамоишҳои 23 январ аз бузургтарин эътирози солҳои охир дар Русия дониста шуд.

XS
SM
MD
LG