Ссылки доступа

Мудири сехи дувуми маркази гармидиҳии Узбекистон ҳам худро овехт


 Ново-Ангренская ТЭС.
Ново-Ангренская ТЭС.

Баъди боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба таркиши Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканди Узбекистон мудири сехи дувуми ин марказ Сироҷиддин Пулатов низ худро овехтааст.

Раҳбарияти Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и Тошканд то ҳол худкушии раҳбарони ду сехи марказро шарҳ надодааст.

Пеш аз ин, ҷасади раҳбари яке аз сехҳои марказ Сироҷиддин Шодиевро дар хонааш овезон пайдо карданд. Наздикони Шодиев мегӯянд, раҳбари сех баъди он худкушӣ кард, ки сардори Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен" ӯро маҷбур намудааст, то ҳамаи гуноҳро ба гардан гирад.

Шодиеви 40-сола сехеро раҳбарӣ мекард, ки 20 январ дар натиҷаи таркише дар он ду зану як мард ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи манбаи сомонаи Gazeta.uz, мудири сехро дар доираи парвандаи таркиш ба бозпурсӣ даъват карда буданд.

Додситонӣ дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ки боиси марги инсон мешавад" парванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG