Ссылки доступа

Қазоқистон бо наздики $40 млн аз Русия ваксина мехарад


Муовини вазири тандурустии Қазоқистон Марат Шоранов 27 январ гуфт, ба маблағи 16,8 миллиард танга (наздики 40 миллион доллар) аз Русия ваксинаи "Спутник V" харидорӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи муовини вазир, як қисми мояҳои ваксинаро бевосита аз Русия ва як қисми дигарро аз ширкате харидорӣ хоҳанд кард, ки дар Маҷмааи дорусозии вилояти Қарағандаи Қазоқистон ваксинаро истеҳсол мекунад.

"Ҷамъан дар буҷа барои таъмини 10 миллион одам бо ваксина 50 миллиард танга ҷудо шудааст. Бо ин пул ду миллион моя ваксинаи русӣ харидорӣ мешавад. Ду мояи он 20 доллар аст", - изҳор дошт Шоранов.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон гуфт, арзиши ваксинаи "Спутник V" сарфи назар аз он ки дар ин кишвар ё дар Русия истеҳсол мешавад, якхел хоҳад буд.

Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи декабри соли гузашта хабар доданд, ки дар Маҷмааи дорусозии Қарағандаи ин кишвар истеҳсоли ваксинаи русӣ низ оғоз шудааст. Дар Қарағанда қарор аст, тадриҷан ду миллион моя ваксина истеҳсол шавад.

XS
SM
MD
LG