Ссылки доступа

Кашолкорӣ дар бозгардонии амонати муштариёни "Тоҷпромбонк" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ба тоҷирони "Султони Кабир" кумак ваъда додаанд. Моликони бозори "Султони Кабир" гуфтанд, дӯконҳои сӯхтаро дубора барқарор ва соҳибкоронро аз додани ҳаққи бозор озод мекунанд. Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, ин ҳамон ваъдаест, ки дар ҳодисаҳои пешина низ садо дода, қисман иҷро шудааст, вале нигаронии онҳо аз он аст, ки зиёни молҳоро кӣ ҷуброн мекунад. (видео)

- Кашолкорӣ дар бозгардонии амонати муштариёни "Тоҷпромбонк". Субҳи 27-уми январ гурӯҳе аз муштариёни "Тоҷпромбонк" ба назди Бонки Миллии Тоҷикистон рафта, аз роҳбарони ин ниҳод дар бораи тақдири бозгардонии амонатҳояшон шарҳ хостаанд. (видео)

- Аз набудани коронавирус то танқиди бахши энержӣ. Паёми Раҳмон ба порлумон. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар паёми имсолааш асосан ба масъалаҳои тандурустӣ, барқ, роҳ ва мактабу маориф таъкид кард. Ҳарчанд коршиносон гуфтанд, баъзе аз масъалаҳое ба мисли муҳоҷират ва мушкили онҳо зиёд аз сӯи президент садо надод. (видео)

- Масҷидҳои Тоҷикистон ба намозҳои дастҷамъӣ омода мешаванд. (видео)

- Хонасозӣ дар маҳаллаи Ҳуснобод ба моҷаро кашид. Дар маҳаллаи Ҳуснобод дар канори Душанбе мақомот чанд хонаи навсохтро вайрон кардаанд, зеро ба қавли онҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд. Сокинон мегӯянд, санадҳо барои сохтмонро гирифтаанд. (видео)

- Даҳҳо сокини пойтахт барои ифлос кардани оби дарёи Душанбе ҷарима шуданд. Идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе даҳҳо сокини пойтахтро барои ифлос кардани оби рӯдхонаву дарёҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст. Миёни ҷаримашудаҳо соҳибони ошхонаву муассисаҳои маишии пойтахт ҳам ҳастанд. (видео)

- Чаро мушкили бемактабӣ дар Тоҷикистон ҳал нашуд? Сокинони баъзе аз маҳаллаҳои навбунёд дар Тоҷикистон аз набудани мактаб барои таҳсили фарзандон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, ҳар сол чандин мактаб месозанд, вале дар як вақт ҳамаро таъмин карда наметавонанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ аз набудани пулу замин ва коршиносон аз ношаффофӣ суҳбат мекунанд.​ (видео)

- Сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"-и Душанбе. "Султони Кабир" -- яке аз бозорҳои калон дар пойтахти Тоҷикистон субҳи 25-уми январ оташ гирифт. Ба гуфтаи соҳибкорон, оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст (видео)

- Аҳволи бади ягона оташкадаи зардуштиён дар Тоҷикистон.​ Сохтмони бошитобу пастсифат ва пандемия вазъи Қалъаи Муғ аҳволи ягона оташкадаи қадимии Зардуштиён дар Тоҷикистонро бад кардааст. ​(видео)

- Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон.​ Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ аз кори яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ ва барномаи соли ояндаро эълон хоҳад кард. Маълум нест, мавзӯи суҳбаташ чӣ хоҳад буд, аммо баъзе аз сокинон пешниҳод доранд, ӯ бештар ба масъалаи нархи маҳсулот ва муқобилаи ҷиддӣ бо COVID-19 таваҷҷуҳ кунад. ​(видео)

- Тахриби беш аз 15 хона дар Ҳуснобод. Навори корбарон.​ Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 21-уми январ чандин хонаи навсохтро дар маҳаллаи Ҳуснободи шаҳри Душанбе пурра вайрон кардаанд. Онҳо гуфтанд, сокинон бе иҷоза дар ҷойи шинондани арчаҳо хона сохтанд. Мардум мегӯянд, ки барои бунёди манзил аз мақомот ҳуҷҷат доштанд. ​(видео)

- Интернет дар Тоҷикистон: Суръат пасту нарх баланд. Чаро? Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, масъала пеш аз ҳама аз мавқеи ҷуғрофии кишвар вобаста аст, ки куҳистонӣ ва дур аз зербунёдҳои аслии иртиботи интернетӣ аст. Коршиносон мегӯянд, мавқеи ҷуғрофӣ баҳона аст, мушкил дар мудирияту дастдарозии мақомот аст. ​(видео)

- Дар Хуҷанд шеваи фӯру нишондани тазоҳуротро машқ карданд. Мақомоти интизомӣ шеваҳои муқобила бо тазоҳурот ё бетартибиҳои оммавиро дар маркази вилояти Суғд тамрин карданд. (видео)

- Дар Тоҷикистон замимаи "Раҳнамои муҳоҷир" фаъол шуд. Бори нахуст барои муҳоҷирони кории тоҷик замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷир” таҳия шудааст.Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бовар дорад, ки тавассути ин замима муҳоҷироне ки асосан дар Русия ҳастанд, метавонанд аксари мушкилоти худро ҳал кунанд. Гузориши Барот Юсуфӣ. (видео)

- Тоҷикистон раҳбари даврии Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шуд. Тоҷикистон раҳбари даврии Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шуд. Гузориши Барот Юсуфӣ ва Искандар Фирӯз. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG