Ссылки доступа

Amnesty International: мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷаро таҳқиқ накарданд


Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар гузорише, ки 27-уми январ нашр шуд, гуфт, мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷа шудани ширкатдорони намоишҳои эътирозиро таҳқиқ накарданд.

Гузориш мегӯяд, ҳеҷ як нафари дастдошта дар шиканҷаву бадрафторӣ бо эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи 9-уми августи порсол ва талабгори истеъфои Александр Лукашенко ба ҷавобгарӣ кашида нашуд ва бо ҳамин далел, ба қавли созмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои барои таъмини адолат иқдом кунад.

Марие Струзерс, раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Amnesty International гуфт, бори дигар барои таҳқиқи иттиҳоми шиканҷа шудани боздоштшудаҳо даъват ба амал меорад, “ҳарчанд умеди кам аст, ки низоми ҳомии пинҳон мондани кори полис ва ҳатто ташвиқкунандаи озору хушунат алайҳи қурбониҳо даст ба чунин кор бизанад”.

Дар гузориш омадааст, ки мақомоти Беларус эътироф карданд, ки аз қурбониёни озори кормандони ҳифзи қонун 900 шикоят дарёфт кардаанд, вале ҳеҷ яки ин ҳолатҳо тафтишу таҳқиқ нашудааст. Бар иваз, мақомот ширкатдорони намоишҳои эътирозиро бо иттиҳоми хушунат алайҳи полис ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

XS
SM
MD
LG