Ссылки доступа

Ғоратгарони интернетӣ, ки $2,5 млрд-ро аз бонкҳои ғарбӣ рабуда буданд, шиносоӣ шуданд


Мақомоти қудратии Украина дар ҳамкорӣ бо мақомоти пулисии Аврупо, ИМА ва Олмон гуруҳи рахнагарони интернетиеро ошкор карданд, ки ба муассисаҳои бонкии Аврупову Амрико ҳамла мекарданд. Дар ин бора Додситонии кулли Украина рӯзи 27 январ хабар дод.

Гуруҳи мазкур, ки аз соли 2014 фаъол буд, тавассути "троянҳои бонкӣ" вориди компютерҳо шуда, иттилои корбарон - рамзҳо, номи корбарон ва дигар иттилои бонкиро мерабудааст.

Ин гуруҳ муассисаҳои молиеро дар кишварҳои амсоли Бритониё, Олмон, Австрия, Швейтсария, Нидерландия, Литва ва ИМА мавриди ҳамла қарор додааст. Маблағи умумии ғораткардаи ин гуруҳ ба 2,5 миллиард доллар мерасад.

Рахнагарон дар шаҳр ва вилояти Харков ҷойгир шуда буданд. Дар ҷараёни ҷустуҷӯ дастгоҳҳо ва компютерҳои гуруҳ, ки барои содир кардани ҷиноят истифода мешуд, пайдо ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG