Ссылки доступа

Президенти тозаинтихоби Қирғизистон савганд ёд кард


 Садыр Жапаров в момент принесения присяги. 28 января 2021 года.
Садыр Жапаров в момент принесения присяги. 28 января 2021 года.

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон 28 январ маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ин кишвар Содир Ҷабборов баргузор шуд.

Ҷабборов баъди адои савганд суханронӣ карда, гуфт, "масъулияти бузург"-еро бар зимма гирифтааст.

"Ман ба монанди ватандӯстони дигар орзу дорам, Қирғизистон як кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта, қавӣ ва озоде шавад, ки дар он ҳуқуқи инсон риоя шуда, волоияти қонун пойбарҷо бошад ва ҷавононаш ба оянда хушбин бошанд. Нақшаи иҷрои ин ҳадафҳо дар барномаи президентӣ оварда шудааст. Рушди иқтисодӣ бо болоравии сатҳи маънавии мардум бояд дар як вақт сурат гирад", - изҳор дошт ӯ.

Ҷабборов ҳамчунин қайд кард, ки Қирғизистон бисёрсамтиро дар сиёсати хориҷии худ ҳифз ва уҳдадориҳои байналмилалияшро иҷро хоҳад кард.

Рӯзи 21-уми январ Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон Содир Ҷабборовро президенти мунтахаби кишвар эълом кард. Ба иттилои расмӣ, Ҷабборов дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 10-уми январ 79,2 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардааст.

Баъзе аз рақибонаш натиҷаҳои интихоботро "дур аз воқеият" донистанд.

Содир Ҷабборов, ки соли 2017 бо гуноҳи одамрабоӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи 4-уми октябри соли гузашта озод шуд ва якбора ба нахуствазирӣ ва сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур расида буд.

XS
SM
MD
LG