Ссылки доступа

Дар Узбекистон барои табобати ҳар як ҳоким аз буҷа ҳудуди $700 ҷудо мешудааст


Дар Узбекистон барои ҳар ҳокиме, ки моҳи январи соли равон барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ даҳ рӯз ба рухсатӣ рафтааст, аз буҷаи давлат беш аз 7 миллион сӯм (наздики 700 доллари амрикоӣ) ҷудо карда шудааст.

Дар ин бора Telegram-канали сомонаи davletovuz хабар дод, ки бештар харҷҳои буҷаи давлати Узбекистонро пайгирӣ мекунад.

"Барои намуна, харҷи табобати ҳокими ноҳияи Уйчии вилояти Намангон М.П. Апакова дар истироҳатгоҳи "Чинобод Плаза" 7 миллиону 361 ҳазору 660 сӯм (699 доллар) шудааст. Ҳокими ноҳияи Учқудуқи вилояти Навоӣ ва як қатор ҳокимони дигар низ роҳхати ҳамсонро дарёфт кардаанд. Девони вазирони Қарақалпоқистон ҳам чаҳор роҳхат дарёфт намудааст", - менависад davletovuz.

Табобат ва ташхиси мансабдорони узбек пештар баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд. Корбарон аз он изҳори норозигӣ карданд, ки раҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои Узбекистон барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба пойтахт мераванд.

Блогер-табиби узбек Фазлиддин Муминов дар паёмакрасони Telegram навишт, "тавре маълум шуд, ҳокимони шаҳру ноҳияҳои вилояти Қашқадарё барои табобат ва ташхиси тиббӣ ба Тошканд мераванд. Чаро онҳо дар худи Қашқадарё табобат намегиранд? Магар барои миллионҳо сокини вилояти мо ҷон азиз нест?".

XS
SM
MD
LG