Ссылки доступа

Transparency International: Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои фасодзада мемонад


Дар раддабандии нави созмони Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал), ки мизони фасоди молиро дар кишварҳои ҷаҳон "чен" мекунад, Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум (дар миёни 180 кишвар) қарор гирифтааст.

Гузориш рӯзи 28-уми январ чоп шуд. Бино бар он, Тоҷикистон аз 100 бал ё имтиёзи лозим 25 хол гирифта, дар мубориза бо фасод бо Мозамбику Нигерия, Мадагаскар, Камерун ва Эрон дар як саф аст.

Дар таҳқиқот ба таъсири фасоди молӣ ба амалкардҳои ҳукумат дар давраи пандемияи COVID-19 ишора кардаанд. Дар ин шохис нишондиҳандаҳои кишварҳо бо сармоягузории онҳо ба бахши тандурустӣ ва дараҷаи заъфи меъёрҳо ва ниҳодҳои демократӣ муқоиса шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистонро ҷудо мекунанд, ки 31 бал гирифтаву мақоми 124-уми худро ҳифз кардааст. Гуфта мешавад, аз соли 2012 ин кишвар мавқеи худро бисёр хуб кардаву то 7 бал боло рафтааст. Дар баробари ин, дар гузориш ишора шудааст, ки паҳншавии густардаи фасод ва набудани шаффофияту гузоришдиҳӣ, ба расидагии кофӣ ба ҳамагирӣ халал расонд.

Узбекистон бо гирифтани 26 бал дар мақоми 146, Қазоқистон бо 28 бал дар ҷойи 94 ва Туркманистон бо 19 бал дар мақоми 165-уми раддабандӣ қарор доранд.

"Баъзе аз раҳбарони сиёсӣ аз буҳрон истифода карданд, то қудрати худро маҳкамтар кунанд ва бештар талош карданд, дастрасиро ба иттилоъ маҳдуд намоянд; талаботи шаффофиятро аз қоидаҳои хариди давлатӣ берун карданд ва аз механизми гузоришдиҳии ҷамъиятӣ даст кашиданд", -- гуфта шудааст дар санад.

Дар миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ натиҷаи аз ҳама хубтарро Гурҷистон бо 56, Арманистон бо 49 ва Белорус бо 47 имтиёз доранд. Дар сархати раддабандӣ Дания ва Зелендияи Нав бо доштани 88 имтиёз қарор доранд. Дар ҷойи аз ҳама охир Сурия, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ ҳастанд, ки мутаносибан 14, 12 ва 12 холӣ гирифтаанд.

Дар созмони Transparency International мегӯянд, фасод низоми тандурустиро мешикофад ва имкон медиҳад, дар шароити ҳамагирии COVID-19 ба демократия ҳамла шавад. Кишварҳое, ки дар ин шохис натиҷаҳои хубтар додаанд, барои тандурустӣ бештар маблағгузорӣ кардаанд ва барои фарогирии хадамоти умумии тандурустӣ бо эҳтимоли хеле ками нақзи усулҳову ниҳодҳои демократӣ ва ҳокимияти қонун, имкони хубтар доранд.

Мақоми Тоҷикистон дар раддабандии солона бе тағйир мемонад. Соли гузашта ҳам кишвар 25 бал дошт. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2007 ниҳоди махсус - Оҷонси назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо фасод фаъол аст. Баъзан вақт боздоштҳои намоишии мансабдорон ва танқиди президент дар бораи зиёдшавии фасод дар давлат мушоҳида мешаванд, вале бо ин вуҷуд беҳшавии вазъ, ҳадди ақал бар пояи ин раддабандӣ, сурат намегирад.

Фаъолияти кормандони ин ниҳодро борҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам интиқод кардааст ва онҳоро ба он муттаҳам кард, ки "барои худ ва наздиконашон кор мекунанд" ва шиддат гирифтани фасод мусоидат мекунанд. Президент ҳанӯз дар соли 2015 ҳушдор дода буд, агар ин ниҳод муассир кор накунад, онро мебанданд, вале то кунун кори он давом овардааст.

Моҳи июли соли гузашта дар ниҳоди зиддифасод гуфта буданд, рӯйи як барномаи хоси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд, вале баъдан ҳеч шарҳе расонаӣ нашуд.

XS
SM
MD
LG