Ссылки доступа

Туркманистон дар раддабандии фасодкорӣ дар мақоми 165 қарор гирифт


Дар гузориши нави Transparency International дар бораи фасодкорӣ дар дунё дар соли 2020 Туркманистон аз миёни 180 кишвар дар мақоми 165 қарор гирифтааст.

Туркманистон бо касби 16 хол аз маҷмуи 100 хол, дар минтақаи "Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ" аз ҳисоби сатҳи фасодкорӣ дар мақоми аввал қарор доштааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз созмони Transparency International дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистонро ҷудо мекунанд, ки 31 бал гирифтаву мақоми 124-уми худро ҳифз кардааст. Гуфта мешавад, аз соли 2012 ин кишвар мавқеи худро бисёр хуб кардаву то 7 бал боло рафтааст. Дар баробари ин, дар гузориш ишора шудааст, ки паҳншавии густардаи фасод ва набудани шаффофияту гузоришдиҳӣ, ба расидагии кофӣ ба ҳамагирӣ халал расонд.

Узбекистон бо гирифтани 26 бал дар мақоми 146, Қазоқистон бо 28 бал дар ҷойи 94 ва Тоҷикистон бо 25 хол дар мақоми 149-уми раддабандӣ қарор доранд.

"Баъзе аз раҳбарони сиёсӣ аз буҳрон истифода карданд, то қудрати худро маҳкамтар кунанд ва бештар талош карданд, дастрасиро ба иттилоъ маҳдуд намоянд; талаботи шаффофиятро аз қоидаҳои хариди давлатӣ берун карданд ва аз механизми гузоришдиҳии ҷамъиятӣ даст кашиданд", -- гуфта шудааст дар санад.

Дар миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ натиҷаи аз ҳама хубтарро Гурҷистон бо 56, Арманистон бо 49 ва Белорус бо 47 имтиёз доранд. Дар сархати раддабандӣ Дания ва Зелендияи Нав бо доштани 88 имтиёз қарор доранд. Дар ҷойи аз ҳама охир Сурия, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ ҳастанд, ки мутаносибан 14, 12 ва 12 холӣ гирифтаанд.

Дар созмони Transparency International мегӯянд, фасод низоми тандурустиро мешикофад ва имкон медиҳад, дар шароити ҳамагирии COVID-19 ба демократия ҳамла шавад. Кишварҳое, ки дар ин шохис натиҷаҳои хубтар додаанд, барои тандурустӣ бештар маблағгузорӣ кардаанд ва барои фарогирии хадамоти умумии тандурустӣ бо эҳтимоли хеле ками нақзи усулҳову ниҳодҳои демократӣ ва ҳокимияти қонун, имкони хубтар доранд.

XS
SM
MD
LG