Ссылки доступа

Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик аз зиндон озод шуд


Далер Шарифов у себя дома в Вахдате, 29 января 2021 года

Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик пас аз сипарӣ кардани як сол муҳлати ҷазо, субҳи 29-уми январ аз маҳбас озод шуд. Наздиконаш гуфтанд, ки ҳоло ӯ дар манзилаш дар шаҳри Ваҳдат қарор дорад. Ба гуфтаи онҳо, вазъи саломатии Далер хуб аст.

Далер Шарифов ҳудуди як сол қабл бо иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ", ба як сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар оғоз дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуд ва сипас ба зиндоне Ёвон интиқол ёфт.

Ин хабарнигори 33-солаи тоҷик 28-уми январ соли 2020 боздошт шуд ва Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 16-уми апрел ӯро барои як сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон он замон дар ин робита гуфта буд, ки ин хабарнигор аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақолае нашр кардааст, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ ҳастанд" ва "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд". Худи Далер ва наздиконаш гуфтанд, ки ин иттиҳомот асосе надоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқу озодии баён ва ҳамкорони собиқаш ҳам гуфтанд, ки Далер Шарифовро мақомот барои дигарандешиву интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳ кашидаанд, то ба ин васила ӯро "сокит кунанд" ва ба дигарон "ҳушдор бидиҳанд".

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад.

Далер Шарифови 33-сола дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG