Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон парвандаи таркиши Арисро ба тафтиши такрорӣ фиристод


Додгоҳе дар Қазоқистон парвандаи таркиш дар анбори аслиҳаи қисми низомии шаҳри Арисро барои "бартарафсозии камбудиҳо" ва "ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани афроди масъули дигар, ки ба ин парванда рабт доранд", ба додситонӣ баргардонид.

Дар ин бора Ғанӣ Утеулиев, як масъули додгоҳи низомии шаҳри Чимкент рӯзи 29 январ хабар дод.

Қарори додгоҳ дар бораи ба тафтиши такрорӣ фиристодани парванда 21 январ содир шудааст.

Додгоҳ парвандаи мазкурро пушти дарҳои баста баррасӣ кард. Дар доираи парвандаи мазкур айни замон 16 кас айбдор мешаванд. 1500 кас ҳамчун ҷабрдида дар парванда зикр шудаанд.

Рӯзи 24 июни соли 2019 дар анбори қисми низомие дар шаҳри Арис таркиш рух дод. Дар он ҳодиса 4 кас кушта шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи таркиш 85 дарсади манзилҳои шаҳр хисорот дида, бештар аз 20 манзил комилан хароб шудааст.

XS
SM
MD
LG