Ссылки доступа

Дар мусобиқаи байналмилалии Ишқобод хориҷиҳоро "донишҷӯёни зархарид" ҳамроҳӣ мекунанд


Вазорати амнияти миллии Туркманистон барои мусобиқаи байналмилалии варзишие, ки қарор аст, дар шаҳри Ишқобод баргузор шавад, донишҷӯёни донандаи забони англисиро омода мекунад.

Донишҷӯёни интихобшуда аз Донишгоҳи омӯзгории ба номи Сейитназар Сейдии Туркманобод ба шаҳри Ишқобод сафарбар шуда, дар бозиҳои байналмилалии варзишӣ ҳамчун тарҷумон ва роҳбаладҳои "зархарид" истифода мешаванд.

Донишҷӯён бояд варзишгарон ва меҳмонони хориҷиро бояд бодиққат назорат карда, мутмаин шаванд, ки онҳо дар телефони худ ҷоеро ба навор ё акс нагирифтаанд. Дар сурати наворбардорӣ ё акс гирифтан бояд зуд ба ниҳодҳои дахлдор хабар диҳанд.

"Аз рӯзҳои аввали ҳафтаи гузашта дар донишгоҳ бо 75 донишҷӯи интихобшуда семинари омӯзишӣ баргузор мешавад. Ба онҳо нозукиҳои кор бо телефонҳои мобилии ҳушманд омӯзонида мешавад", - изҳор дошт яке аз омӯзгорони Донишгоҳи омӯзгории Туркманобод.

XS
SM
MD
LG