Ссылки доступа

Нафткашҳои қазоқ баъди баланд шудани маош корпартоиро қатъ карданд


Корманди ширкати "Мунай", ки кони нафти Башенколро дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон истихроҷ мекунанд, 31 январ баъди "созиш" бо роҳбарияти худ дар мавриди боло бурдани маош корпартоиро қатъ карданд.

Ба огаҳии ҳукумати вилояти Оқтеппа, дар ҷаласаи ситоди махсуси вилоятӣ ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки аз моҳи феврал моҳонаи ҳар як корманд 40 танга боло бурда мешавад.

Ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз ширкат ба кормандонаш дар ҳаҷми 50 дарсади маошашон иломапулӣ дода, аз моҳи майи соли равон қарордоди нави корӣ баста мешавад. Қарордоди нави корӣ бо назардошти маоши миёнаи нафткашон дар минтақа ба имзо хоҳад расид.

Вале ҳукумати Оқтеппа дақиқ нагуфтааст, ки маоши миёнаи як нафткаш дар ин минтақаи Қазоқистон чи қадар аст. Бино ба арзёбиҳои гуногун, маоши миёнаи кормандони ширкатҳои нафткаш дар минтақае, ки корпартоӣ шуд, аз 240 то 260 ҳазор танга ($566-$614) аст.

Кони нафти Башенкол ба ширкати қазоқию куриёии ADA Oil тааллуқ дорад, ки ба ҳайати Ширкати миллии нафти Куриё (KNOC) шомил аст. ADA Oil истихроҷи нафти Башенколро дар ихтиёри ширкати "Мунай" гузоштааст.

XS
SM
MD
LG