Ссылки доступа

Дар Бишкек баргаштани баъзе аз хонандаҳо ба мактабро дубора ба таъхир гузоштанд


 Дистанционное обучение в КР, иллюстративное фото.
Дистанционное обучение в КР, иллюстративное фото.

Шаҳрдории Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргаштани хонандагони баъзе аз синфҳои мактабҳои миёнаро ба таҳсили анъанавӣ дубора ба таъхир гузошт.

Ба огаҳии шаҳрдорӣ, комиссияи махсус ба раҳбарии муовини сарвазири Қирғизистон Ойжон Чинибоева баъди таҳлили вазъи эпидемиологии Бишкек тасмим гирифта, ки танҳо хонандагони синфҳои 1,5, 9 ва 11 ба таҳсили анъанавӣ баргарданд.

Шаҳрдории Бишкек нақша дошт, ки кори боғчаҳо аз 20 январ аз сар гирифта шуда, хонандагони ҳамаи синфҳо аз 1 феврал ба таҳсили анъанавӣ баргарданд.

Дар Қирғизистон дари мактабу боғчаҳо ба иллати пандемияи коронавирус аз моҳи марти соли гузашта баста шуда, дарсҳо ба таври фосилавӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар давоми як шабонарӯзи ахир дар саросари Қирғизистон 76 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус қайд гаштааст. Бештари ин ҳолатҳо (32 ҳолат) дар шаҳри Бишкек ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG