Ссылки доступа

Баъди танқиди президенти Узбекистон намоиши як филми туркиро дар ТВ-ҳои он кишвар манъ карданд


Телевизиони "Sevimli TV" дар Узбекистон намоиши силсилафилми туркии "Парандаҳои бе бол"-ро манъ кард, ки яку ним соли охир нишон медод. Роҳбарияти телевизион манъи филми мазкурро ба "тағйирот дар ҷадвали барномаҳо" рабт дод.

Дар як ҷаласа бо ҳузури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 январ гуфта шуд, ки бархе аз шабакаҳо аз меъёр бештар филмҳои хориҷӣ нишон медиҳанд.

Як корманди телевизиони "Sevimli TV" гуфт, баъди он ҷаласа ҷадвали пахши барномаҳои телевизион тағйир ёфт ва филмҳои ватанӣ ҷои филмҳои хориҷиро гирифтанд.

Ин телевизион ҳамакнун аз 29 январ пахши филми туркии "Парандаҳои бе бол"-ро, баъди намоиши 91 қисм, қатъ кардааст. Тасмими роҳбарияти телевизион бисёре аз бинандагонро маҳзун кардааст. Бинандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин тасмим интиқод кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки телевизионҳои Узбекистон баъди гузоштани қисме аз бахшҳои филмҳои туркӣ якбора аз идомаи пахши онҳо худдорӣ мекунанд. Тобистони соли гузашта телевизионҳои Узбекистон пахши силсилафилми "Ҳаққи Абдулҳамид ба салтанат"-ро якбора қатъ карданд.

Соли 2019 телевизиони "Zor TV" силсилафилми "Ишқи сиёҳ"-и туркиро аз эфир бардошт.

XS
SM
MD
LG