Ссылки доступа

Кормандони чоҳи нафти Кокжии Қазоқистон корпартоиро қатъ карданд


Рӯзи 31 январ кормандони ширкати "КМК Мунай" дар чоҳи нафти Кокжиди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон корпартоиро қатъ ва ба кор баргаштанд.

Ҳудуди 200 тан аз кормандони ширкати мазкур як ҳафтаи охир бо талаби 100 дарсад афзудани маош корпартоӣ карда буданд.

"Роҳбарияти ширкат талабҳои коргаронро қабул кард. Ҳам маош баланд шуду ҳам шароити корӣ", - гуфт Жасулан Мергалиев, як коргари ширкат. Мақомоти вилояти Оқтеппа низ хабари қатъи корпартоии коргаронро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, коргарон бо ширкат ба созише расиданд, ки ҳамаи ҷонибҳоро қонеъ мекунад.

Ширкати "КМК Мунай" наздики 400 коргар дорад. Ин ширкат соли 2004 таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG